Маркази тарҷумаи Равод — 21

2:135 Ва [аҳли китоб] гуфтанд: "Яҳудӣ ё масеҳӣ шавед, то ҳидоят ёбед". [Эй паёмбар ба онон] Бигӯ: "[На аз оини шумо] Балки аз оини Иброҳим [пайравӣ мекунем], ки ҳақгаро буд ва ҳаргиз дар зумраи мушрикон набуд"

2:136 [Эй муъминон ба аҳли китоб] бигӯед: "Мо ба Аллоҳ таоло имон овардаем ва ба он чи бар мо нозил шудааст ва ба он чи, ки бар Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наводагон [-и Яъқуб] нозил гардид ва [ҳамчунин] ба он чи, ки ба Мӯсо ва Исо дода шудааст ва ба он чи, ки ба паёмбарони [дигар] аз тарафи Парвардигорашон дода шудааст [оре, ба ҳамаи онон имон меоварем] ва миёни ҳеҷ як аз эшон тафовут намегузорем ва мо [ҳамагӣ] таслими Аллоҳ таоло ҳастем"

2:137 Пас, агар онон [низ] ба он чи шумо имон овардаед, имон оваранд, ҳатман, ҳидоят ёфтаанд ва агар пушт гардонанд, пас, ҷуз ин нест, ки ҳатман сари ситез [ва ҷудоӣ] доранд, пас, [эй паёмбар, Парвардигори якто барои ҳимояти ту кофӣ аст ва] ба зудӣ Аллоҳ таоло [шарри] онҳоро аз ту дафъ хоҳад намуд ва Ӯ шунавову доност

2:138 Ранги илоҳӣ [ва дини Ӯро бипазиред ва ба он пойбанд бошед] ва чи касе хушнигорандатар аз Аллоҳ таоло аст! Ва мо танҳо Ӯро мепарастем

2:139 [Эй паёмбар ба аҳли китоб] Бигӯ: "Оё дар бораи Аллоҳ таоло бо мо муҷодала мекунед, дар ҳоле ки Ӯ парвардигори мо ва шумост ва кирдори мо аз они мо ва кирдори шумо аз они шумост ва мо Ӯро бо ихлос парастиш мекунем"

2:140 [Оё] Мегӯед: "Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наводагон [-и ӯ] яҳудӣ ё масеҳӣ буданд [дар ҳоле ки Таврот ва Инҷил пас аз ин паёмбарон нозил шудааст]"? Бигӯ: "Шумо донотаред ё Аллоҳ таоло"? Ва кист ситамгортар аз он, ки шаҳодатеро, ки аз [ҷониби] Аллоҳ таоло [дар китобҳои осмонӣ дар бораи ин паёмбарон омада ва] назди Ӯст, китмон (пинҳон) мекунад? Ва [яқин бидонед, ки] Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, ғофил нест

2:141 Онон уммате буданд, ки даргузаштанд, он чи ки [аз натиҷаи аъмолашон] касб кардаанд, барои онҳост ва он чи шумо касб кардаед, барои шумост ва шумо дар бораи он чи [онон] мекарданд, бозхост нахоҳед шуд