Маркази тарҷумаи Равод — 310
19:65 [Ҳамон] Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чи миёни онҳост; пас, ӯро парастиш кун ва бар ибодаташ шикебо [ва пойдор] бош. Оё [ҳаммонанд ва] ҳамноме барояш мешиносӣ?»
19:66 Ва инсони [кофир] мегӯяд: «Оё ҳангоме ки бимирам, ба ростӣ, маро зинда [аз гӯр] берун хоҳанд овард?»
19:67 Оё инсон ба ёд намеоварад, ки мо пеш аз ин ӯро офаридем, дар ҳоле ки ҳеҷ набуд?
19:68 Пас, савганд ба Парвардигорат, ки яқинан, онон [мункирони қиёмат]-ро бо шаётин маҳшур хоҳем кард; сипас ҳамаро ба зону дароварда гирдогирди дузах ҳозир мекунем
19:69 Сипас аз ҳар гурӯҳе касонеро дар баробари [фармони Аллоҳи] Раҳмон саркаштар будаанд, берун мекашем
19:70 Он гоҳ, яқинан, Мо ба [ҳоли] касоне, ки барои [дарафтодан ба] он [оташи даҳшатнок] сазовортаранд, донотарем
19:71 Ва ҳеҷ як аз шумо [мардум] нест, магар он ки вориди он мегардад; [муъминон барои убур ва дидан, кофирон барои вуруд ва мондан]. Ин [амр] ҳамвора бар Парвардигорат қазои ҳатмӣ аст
19:72 Сипас касонеро, ки парҳезкорӣ кардаанд, [аз оташ] наҷот медиҳем ва золимонро ба зону даромада, дар он раҳо мекунем
19:73 Ва ҳангоме ки оёти равшани Мо бар онон тиловат мешавад, касоне, ки куфр варзидаанд, ба афроде, ки имон овардаанд, мегӯянд: «Кадом як аз [мо] ду гурӯҳ ҷойгоҳе беҳтару маҷлисе накутар дорад?»
19:74 Чи бисёр наслҳоро пеш аз онон нобуд кардем, ки сарвате бештар ва зоҳире оростатар доштанд
19:75 [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ҳар ки дар гумроҳӣ аст, [Аллоҳи] Раҳмон ба ӯ муҳлат медиҳад [то гумроҳиаш бештар шавад] то замоне, ки ваъдаи илоҳиро [ба чашми худ] бубинанд: ё азоби [дунё] ё [кайфари] қиёмат. Пас, ба зудӣ хоҳанд донист, ки чи касе ҷойгоҳаш бадтар ва сипоҳаш нотавонтар аст»
19:76 Ва [аммо] касоне, ки роҳ ёфтаанд, Аллоҳ таоло бар ҳидояташон меафзояд; ва некиҳои пойдор [рафтору гуфтори шоиста] дар пешгоҳи Парвардигорат подоше беҳтар ва саранҷоме накутар дорад