Маркази тарҷумаи Равод — 386

28:6 Ва дар он сарзамин ҳукумат ба эшон диҳем ва он чиро Фиръавн ва [вазираш] Ҳомон ва сипоҳиёнашон ҳамвора аз он метарсиданд [суқути ҳукумат], ба онон нишон диҳем

28:7 Ва ба модари Мӯсо илҳом кардем, ки: «Ӯро шир бидеҳ ва ҳангоме ки [аз осеби фиръавниён] бар ӯ тарсидӣ, [кӯдакро дар сандуқе бигзор ва] ба рӯд [-и Нил] биандозаш ва натарс ва андуҳгин нашав [зеро] ҳатман, ӯро ба ту бозмегардонем ва аз паёмбарон қарораш медиҳем»

28:8 Пас, [чун модари Мӯсо чунин кард] хонадони Фиръавн ӯро [аз об] гирифтанд, то саранҷом [солҳо баъд ин фарзанди Бани Исроил] душман ва [мояи] андуҳашон гардад. Ба ростӣ, ки Фиръавн ва Ҳомон ва сипоҳиёнашон гунаҳгор буданд

28:9 Ва [чун Фиръавн дастури қатли Мӯсоро дод, Осия] ҳамсари Фиръавн гуфт: «[Ин писар] Нури чашми ману туст. Ӯро накушед. Чи басо ба мо суде бибахшад, ё ӯро ба фарзандӣ бигирем», ҳол он ки [оқибати корро] намедонистанд

28:10 Ва дили модари Мӯсо [аз ҳама чиз ҷуз ёди писараш] тиҳӣ гашт ва агар қалбашро қавӣ накарда будем, ки [ба ваъдаи Мо] имон дошта бошад, наздик буд он розро фош кунад

28:11 Ва [модари Мӯсо пас аз он ки ӯро дар Нил раҳо кард] ба хоҳари ӯ гуфт: «Ба дунболаш бирав», пас, [хоҳараш] аз дур ба ӯ менигарист, дар ҳоле ки онон намедонистанд [ки он духтар, хоҳари ин кӯдак аст]

28:12 Ва Мо [шири] ҳамаи занони ширдеҳро аз қабл бар ӯ ҳаром кардем [чунон ки синаи ҳеҷ якро напазируфт]. Он гоҳ [хоҳараш] гуфт: «Мехоҳед хонаводаеро нишонатон диҳам, ки ӯро бароятон нигаҳ доранд ва хайрхоҳаш бошанд?»

28:13 Пас, [онон пазируфтанд ва бад-ин сурат] ӯро ба модараш бозгардонидем, то чашмаш равшан гардад ва ғамгин набошад ва то бидонад, ки ваъдаи Аллоҳ таоло ҳақ аст, вале бештарашон намедонанд