Маркази тарҷумаи Равод — 517
49:12 Эй муъминон, аз бисёре аз гумонҳои бад бипарҳезед; чаро ки бархе аз гумонҳо гуноҳ аст; ва дар бораи якдигар таҷассусу ғайбат накунед; оё ҳеҷ як аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти бародари мурдаашро бихӯрад? [Ҳатман] Онро хуш надоред [ғайбат низ ба ҳамин зиштӣ аст]; аз Аллоҳ таоло парво кунед, ки Аллоҳ таоло тавбапазиру меҳрубон аст
49:13 Эй мардум, мо шуморо аз [омезиши] марду зане офаридем ва ба ҷамоатҳо ва қабилаҳои мухталиф тақсим кардем, то якдигарро бозшиносед. Бе тардид, бузургвортарини шумо назди Аллоҳ таоло Парҳезкортарини шумост; ва Аллоҳ таоло [ба он чи мекунед] доно ва огоҳ аст
49:14 Аъроб [-и бодиянишин дар ҳузури паёмбар] гуфтанд: «Имон овардаем». [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: «Шумо имон наёвардаед; вале бигӯед: «Ислом овардаем»; ва ҳанӯз имон дар қалбҳоятон нуфуз накардааст. Агар аз Аллоҳ таоло ва паёмбараш итоат кунед, аз [подоши] аъмоли шумо ҳеҷ нахоҳад кост. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло омурзгору меҳрубон аст»
49:15 Муъминон [-и ҳақиқӣ] касоне ҳастанд, ки ба Аллоҳ таоло ва паёмбараш имон овардаанд ва [лаҳзае дар имонашон] тардид накарданд ва бо молу ҷонашон дар роҳи Аллоҳ таоло ба мубориза бархостанд; инонанд, ки [дар эътиқод ва амал] садоқат доранд
49:16 [Эй Паёмбар, ба бодиянишинон] Бигӯ: «Оё мехоҳед, Аллоҳро аз дини хеш огоҳ кунед? Дар ҳоле ки Аллоҳ таоло ҳар чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст, медонад; ва Аллоҳ таоло ба ҳар чизе огоҳ аст»
49:17 Онон бар ту миннат мениҳанд, ки ислом овардаанд; бигӯ: «Миннати исломи хеш бар ман нагузоред; балки агар [дар ошкор кардани имон] садоқат доред, ин Аллоҳ таоло аст, ки бар шумо миннат дорад, ки ба сӯйи имон ҳидоятатон намудааст»
49:18 Бе тардид, Аллоҳ таоло асрори осмонҳо ва заминро медонад ва ба он чи мекунед, биност